Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, вай ба нируҳои Амрико иҷоза додааст, ки дар “амалиёти маҳдуд” ба нишонаи ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмиллалӣ барои дифоъ аз шаҳрвандони Либия ширкат варзанд.
“Мо наметавонем вақтро талаф диҳем, то замоне, ки ин диктатор ба мардумаш бигӯяд, ки ҳеҷ кайфаре вуҷуд надорад ва нируҳояш амалиёти таҳоҷумиро дар шаҳрҳое аз қабили Бенғозиву Мисурато анҷом медиҳанд ва мардону занони бегуноҳ аз дасти ҳукукмати худашон ба бераҳмиву қатл рӯ ба рӯ мешаванд. Ин аъмол сазои худро дорад ва тасмими маҳофили байналмиллалӣ бояд иҷро шавад. Ин аст сабаби эътилоф”.
16-ӯми март дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Либия қатъномае ба тасвиб расид. Ин қатънома даъват мекунад, ки барои ҳимоят аз шаҳрвандони Либия ва ҷорӣ кардани ҳарими ғайрипарвоз бояд “аз ҳамаи чораҳои зарурӣ” кор гирифт. Ин қатънома замоне ба тасвиб расид, ки нируҳои ҳавоии Қаззофӣ шаҳрвандони худро дар қаламрави худ бомбборон карданд ва нируҳои заминиаш ба зидди мухолифон, ки мехоҳанд режими Қаззофиро сарнагун созанд, вориди ҷанг шуданд.