Зиндониёни сиёсӣ дар Эрон имсол иҷоза надоранд, ба хотири таҷлили ҷашни Наврӯз бо васиқа ҳам зиндонро тарк кунанд. Ба гузориши Радиои Фардо, раиси Қувваи Қазоияи Эрон як чунин амреро содир кардааст. Соли гузашта бисёре аз маҳбусони сиёсии Эрон аз ҷумла чеҳраҳои шинохта низ бо супурдани васиқаҳои бузурги аз 500 ҳазор то тақрибан 1 миллион долларӣ Наврӯзро ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ҷашн гирифтанд. Аммо имсол чанде аз зиндониёни сиёсиро, ки ба иқдом алайҳи амнияти миллии Эрон муттаҳам шудаанд, аз чунин ҳақ маҳрум кардаанд.