Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин тазоҳуроти роҳибони тибетиро пароканда кард


Дар аёлати Сичуани Чин воқеъ дар ҷануби ғарби ин кишвар полис бо садҳо нафар аҳолии Тибет вориди задухӯрд шудааст. Гурӯҳи Тибети Озод ё Free Tibet марказаш дар Лондон гуфтааст, садҳо нафар роҳибон ва тибетиёни дигар дар назди хонақоҳи худ гирдиҳам омадаанд. Онҳо баъд аз худсӯзии як роҳиби ҷавон ба нишонаи эътироз гирдиҳам омадаанд. Радиои Осиёи Озод марказаш дар Амрико гуфтааст, полис ба таври хушунатомез тазоҳуркунандагонро пароканда ва чанд нафари онҳоро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG