Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус: "Ҷилави ҳаракати Толибон гирифта шуд"


Дейвид Петреус, фармондеҳи олирутбаи Амрико дар Афғонистон гуфт, дар майдони ҷанг дар Афғонистон ҷилави ҳаракати Толибон гирифта шудааст, вале ин пешрафт метавонад аз даст равад. Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба Кумитаи умури равобити хориҷии сенати Иёлоти Муттаҳида гуфт: "Баррасии нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ин аст, ки пешравиҳое, ки Толибон аз соли 2005 дар Афғонистон доштанд, дар бахши аъзами кишвар муттавақиф ва дар баъзе аз манотиқи муҳим ақиб зада шудааст. Агарчӣ пешрафти амниятӣ, ки соли гузашта ба даст омад, чашмгир аст, аммо шикананда ва қобили баргашт аст. " Пеш аз ин мақомоти Афғонистон гуфтанд, нерӯҳои НАТО дар як ҳамла дар шарқи кишвар ду навраси 10 ва 15 соларо куштаанд. Дейвид Петреус, барои ин ҳамла аз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур узр хостааст.
XS
SM
MD
LG