Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои амниятӣ раҳбарии Баҳрайнро ба даст гирифтанд


Нируҳои амниятии Баҳрайн
Нируҳои амниятии Баҳрайн
Баъд аз чанд ҳафтаи нооромиҳо дар Байрайн шоҳи ин кишвари ҷазираӣ дар Халиҷи Форс вазъи фавқулодда эълон кардааст. Телевизиони давлатӣ эълон кард, ки баъд аз дастури Шоҳ Ҳамад ҳоло нируҳои амниятӣ салоҳият доранд, ки аз имрӯз дар муддати се моҳ идораи умурро дар ин кишвар ба даст бигиранд. Ин тасмим замоне гирифта шудааст, ки рӯзи душанбе бар асоси тавофуқоти Шӯрои Ҳамкории Халиҷ ҳудуди 1000 нафар нируҳои Саудӣ бо дархости шоҳигарии Баҳрайн вориди ин кишвар шуданд. Баҳрайн мизбони нируҳои дарёии рақами 5-и Амрико низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG