Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамол ташаъшуъро аз Ҷопон ба уқёнунус мебарад


Ҳукумати Ҷопон гуфтааст, мизони ташаъшуъ ё радиатсия баъд аз инфиҷори субҳи имрӯз дар реактори ниругоҳи ҳастаии ин кишвар дар манотиқи атрофи ин ниругоҳ ба таври “қобили мулоҳиза” боло рафтааст. Наото Кан-нахустивазри ин кишвар аз сокинони манотиқи 30 километрии атрофи ниругоҳ хостааст, ки аз хонаҳояшон берун нараванд. Вай ҳушдор додааст, ки имкони хуруҷи ташаъшуъ дар оянда вуҷуд дорад. Аммо баъдтар ҳукумат эълон кард, ки сатҳи ташаъшуъ каме поин рафтааст. Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ гуфтааст, ки шамол ташаъшуъро аз Ҷопон ва кишварҳои дигари осиёӣ ба сӯи уқёнуси Ором мебарад. Бими он меравад, ки дар зилзилаи Ҷопон дастикам 10 000 нафар ҷони худро аз даст дода бошанд.
XS
SM
MD
LG