Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Кохи Сафед аз кишварҳои Халиҷи Форс


Амрико аз Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари Халиҷи Форс, ки ба Баҳрайн ниру фиристодаанд, дархост кардааст, ки аз кӯмак ба хонаводаи салтанатии суннӣ худдорӣ кунанд. Дар ин кишвар чанд ҳафта тазоҳуроти эътирозии аксарияти суннӣ бар зидди салтанат идома дорад. Кохи Сафед гуфтааст, ба пиндори вай вуруди 1000 нафар нируҳои Саудӣ ба Баҳрайн нахустин гурӯҳ нест ва Амрико онро таҷовузи Шӯрои Ҳамкории Халиҷ арзёбӣ намекунад, вале аз ҳамаи ҷонибҳо дархост мекунад, ки аз ин кор худдорӣ варзанд. Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафед гуфт:

“Мо аз Саудӣ ва аъзои дигари Шӯрои Ҳамкории Халиҷ ва ҳамчунин аз ҳукумати Баҳрайн даъват мекунем, ки худдорӣ нишон диҳанд. Мо бовар дорем, ки музокира роҳи ҳали нооромӣ дар минтақа ва кишварҳои дигар аст, на саркӯбии он”.

Низомиёни Саудӣ замоне вориди Манама-пойтахти Баҳрайн шудаанд, ки нируҳои амниятии ин кишвар рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ вориди даргирӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG