Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мухолифи дахолати беруна ба умури Либия аст


Чин эълом дошт, ки кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ мушкилоти дохилии худро бояд бидуни дахолати беруна ҳаллу фасл кунанд.

Изҳороти муовини вазири умури хориҷии Чин Чжай Тзюн дар ин бора дар интиҳои сафараш ба кишварҳои минтақа садо дод. Дипломати воломақоми чиноӣ ахиран аз Алҷазоир, Тунис, Миср ва Арабистони саудӣ дидан кард.

Дар робита ба авзоъ дар Либия, Чжай Тзюн ба зарурати ҳифзи якпорчагии ин давлати арабӣ таъкид намуд.

Пекин аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба таҳримҳо алайҳи режими Қаззофӣ пуштибонӣ карда буд ва аммо аз дахолати фаъолтари байнулмилалӣ ба қазияи Либия худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG