Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркиш реактори "Фукушима-1" осеб надидааст


Мақомоти Ҷопон хабар доданд, ки бар асари таркиш ба реактори ҳастаии нерӯгоҳи Фукушима-1 осеб нарасидааст.

Дар натиҷаи заминларзаи шадид дар ин нерӯгоҳи ҳастаӣ таркиш рӯх дод ва чаҳор тан аз кормандони он ҷароҳат бардоштанд.

Юкио Эдано, намояндаи ҳукумати Ҷопон гуфт, ки аз таркиш бинои нерӯгоҳ хароб шудааст ва аммо болопӯши реактор бидуни осеб боқӣ мондааст.

Имрӯз сарвазири Ҷопон Наото Кан тавассути чархбол ба минтақаи Фукушима рафт ва баъди ошноӣ бо вазъ дар бораи эълони ҳолати изтирорӣ тасмим гирифт.

Бар пояи хабарҳо, 45 ҳазор сокинони манотиқи то 20 километр дуртар аз нерӯгоҳҳои Фукушима 1 ва Фукушима 2 ба мавзеъҳои амнтар кӯчонида шуданд.

Имрӯз ҳукумати Ҷопон хабар дод, ки теъдоди қурбониёни заминларза ва сунамӣ аз ҳазор нафар бештар аст. Дар шимол ва шарқи Ҷопон бар асари ин офати табиӣ биноҳои зиёде хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG