Мурофиаи додгоҳии ду нафар аз мақомоти расмии пешини Қирғизистон, ки барои созмондиҳии тазоҳуроти эътирозӣ дар ду шаҳри ҷанубии ин кишвар ва барои талоши ғасби ҳокимият муттаҳам дониста мешуданд, бо раҳоии онҳо поён ёфт. Исҳоқ Масалиев-намояндаи пешини порламони Қирғизистон ва муовини раиси Ҳизби Кумунист комилан бегуноҳ эълон шуд. Усен Содиқов-раиси пешини дафтари раёсати ҷумҳурӣ барои ташкили тазоҳурот муттаҳам шуд, вале аз вай иттиҳоми талоши ғасби ҳукуматро бардоштанд. Вайро 6 сол шартан аз озодӣ маҳкум карданд. Қаблан додситонӣ ба додгоҳ пешниҳод карда буд, ки Масалиев 14 сол ва Содиқов 18 сол маҳкум ба зиндон шаванд. Онҳо аз ёрони Қурмонбек Боқиев дониста мешуданд.