Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диловар Хон аз ҳамкорӣ бо ҳукумат сарпечӣ мекунад


Дар Покистон Диловар Хон, як раҳбари ошӯбгарон, ки бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” мубориза мебарад, имкони қатъи ҳамкорӣ бо ҳукуматро баъид намедонад.

Ба гуфтаи Диловар Хон, ҳукумат бояд ба гурӯҳҳое, ки бо мухолифин меҷанганд, кӯмаки бештар кунад.

Изҳороти раҳбари ошӯбгарон дар маросими дафни яке аз 36 нафари дирӯз бар асари ҳамлаи террористӣ дар канори Пешовар кушташуда садо дод.

Бештари қурбониёни ин ҳамла мусаллаҳони гурӯҳҳои мухолифи толибон буданд.
XS
SM
MD
LG