Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Твер тоҷикону озариҳо ба моҷаро бархостаанд


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд, ки 8-ӯми март дар Твери Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон моҷаро бархостааст. Дар он аз ду тараф 70 нафар бо чӯбдасту пораҳои оҳан ширкат доштаанд. Бино ба хабарҳо, пулис ба зудӣ аз ин моҷаро огаҳӣ ёфтааст ва 33 нафарро боздошт кардааст. Зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандони ҳар ду кишвар нарасидааст, вале парванда боз шудааст ва сабабҳои моҷарои дастаҷамъонаи гурӯҳҳо таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG