Як гурӯҳи мусаллаҳ бо корду ханҷар имрӯз ба фаъолони тарафдори демократия дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира пойтахти Миср ҳамла карданд. Телевизиони давлатии Миср намоиш дод, ки чӣ гуна ба сӯи онҳо санг андохта ва дар майдони майдони Таҳрир таъқибашон мекунанд. Майдони мазкур, маркази тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Миср буд, ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқро маҷбур ба истеъфо кард. Рӯзе пеш аз ин, дар муноқиша миёни масеҳиёни қибтӣ ва мусулмонон дар як маҳалли Қоҳира 10 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.