Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ: "Ошӯбгаронро хориҷиён мағзшӯӣ кардаанд"


Бо идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба шаҳрҳо, ки ошӯбгарон таҳти назорат доранд, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия имрӯз онҳоро “хоинон” номид. Дар як суханронӣ дар телевизиони давлатӣ, ӯ гуфт, ошӯбгаронро хрориҷиён мағзшӯӣ кардаанд: “Онҳо ба наврасон силоҳ ва мусалсал медиҳанд ва наврасон аз ин хурсанд мешавад, барои ҳамин вазъ чунин бад шудааст. Онҳо ҷавонони моро киро кардаанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки шумо дар роҳ ба сӯи биҳишту ину он ҳастед. Онҳо наврасонро мағзшӯӣ кардаанд.“ Муаммар Қаззофӣ Амрикову Фаронса ва Бритониёро дар ин ошӯбҳо муттаҳам донист ва гуфт, онҳо мехоҳанд, контроли майдонҳои нафти Либияро ба даст гиранд. Ва айни ҳол Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, иттиҳодия масъалаи ирсоли маъмурияти низомӣ ба Либия ба хотири мусоидат дар интиқоли ғайринизомиён ва расидагӣ ба бӯҳрони башариро баррасӣ мекунад. Вазирони умури хориҷа дар рӯзи панҷшанбе ва сарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа авзоъ дар Либияро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод. Бино ба гузоришҳо аз шаҳри Зовия дар наздикии пойтахт шаҳри Троблус миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои Қаззофӣ ҷангҳои шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи шоҳидон дар муҳосираи ин шаҳр 50 танк сафарбар шудааст. Ошӯбгарон хоҳони поён додан ба ҳукумати 41 солаи Муаммар Қаззофӣ дар Либия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG