Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти мустақими Сербистону Косово


Сербистон ва Косово имрӯз дар Брюссел ба нахустин музокироти мустақим аз замони эълони истиқлоли Приштина дар соли 2008 шурӯъ карданд. Ин музокирот бо миёнҷигии ИА доир шуда, ба масоили амалӣ тамаркуз мекунад. Косово умедвор аст, ки ин гуфтугӯ ба эътирофи истиқлолияташ аз сӯи Белград роҳ хоҳад кушод. Сербистон то кунун истиқлоли ин вилояти собиқашро қабул надорад. То имрӯз алакай 75 кишвар, бо шумули Амрико ва бахши аъзами кишварҳои узви ИА, Косоворо ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG