Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар таркиши Файсалобод


Пулис мегӯяд, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар як истгоҳи газфурӯшӣ дар шарқи Покистон дастикам 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Бино ба хабарҳо, инфиҷор дар наздикии дафтари ожонси иктишофии Покистон дар Файсалобод, як маркази муҳими саноатии вилояти Панҷоб, рух додааст. Ҳамалоти ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон то кунун дар манотиқи шимолу ғарби Покистон бештар мушоҳида шуда, Файсалобод камтар ҳадафи чунин ҳамлаҳо қарор дошт.
XS
SM
MD
LG