Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "дипломатҳо"-и Британия Либияро тарк кардааст


Британия мегӯяд, “як гурӯҳи хурди дипломатӣ”, ки бино ба гузоришҳо дар шаҳри Бенғозии Либия нигаҳдорӣ мешуд, баъд аз баъзе “душвориҳо” ин кишварро тарк кардааст. Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Британия гуфт, ин гурӯҳ “барои барқарор кардани тамос бо намояндагони мухолифон” ба Либия рафта буд. Шӯришиён мегӯянд, ки онҳо аз гуфтугӯ бо ҳайтаи Британия, ки бидуни машварати муқаддамотӣ вориди Либия шудааст, даст кашидаанд. Дар гузоришҳои қаблӣ омада буд, ки ин гурӯҳ иборат аз сарбозони нируҳои вижа аз сӯи мухолифони режими Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Бенғозӣ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG