Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ соҳиби унвони майор шуд


Бино ба хабарҳо, ба Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба дунболи таъйин шуданаш ба мақоми раҳбари бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук унвони майор додаанд. Хабаргузории Интерфакс менависад,ин фармонро раиси Хадамоти гумрук Гурез Зарипов имзо кардааст.
Рустами Эмомалӣ, ки муассиси тими футболи «Истиқлол»- қаҳрамони кунунии футболиТоҷикистон - ва муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар низ ҳаст, дар пайи касби мақом дар Хадамоти гумрук узвияташ дар Маҷлиси шаҳри Душанберо қатъ кардааст. Ӯ дар интихоботи моҳи феврали соли гузашта вакили маҷлиси пойтахт интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG