Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср нахуствазири нав муаррефӣ шуд


Ессом Шараф-нахуствазири нави Миср имрӯз дар майдони Таҳрири Қоҳира-пойтахти Миср дар назди тӯдаи гирдиҳамомадагон суханронӣ кард. Раҳбарони низомии Миср рӯзи чаҳоршанбе Ессом Шарафро ба ҷои Аҳмад Шафиқ нахуствазири нави Миср таин карданд. Шафиқро Ҳуснӣ Муборак дар охирин рӯзҳои раҳбариаш нахуствазир пазируфта буд. Майдони Таҳрир маркази таҷаммуи мухолифони режими Ҳуснӣ Муборак буд. Шараф дар нахустин суханронии худ дар майдони Таҳрир гуфт, вай ҳамаи дархостҳои мардумро дарк мекунад. Шариф дар рӯзҳои эътироз дар майдони Таҳрир ба тазоҳуркунандагон пайваста буд.
XS
SM
MD
LG