Узвияти Рустами Эмомалӣ дар Маҷлиси шаҳри Душанбе қатъ хоҳад шуд. Бино ба иттилои КМИТ, ба дунболи таъини Рустами Эмомалӣ ба раҳбарияти раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Тоҷикистон, дар асоси қонуни маҷлисҳои маҳаллӣ, ваколати вай қатъ хоҳад шуд. Масъалаи қатъ кардани ваколати Рустами Эмомалӣ дар нишасти навбатии Маҷлиси шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.
Дар моҳи декабри соли 2009 дар Анҷумани ҲХДТ Рустами Эмомалӣ ба узвияти раёсати ин ҳизб пазируфта шуд ва дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе аз ҳавзаи рақами 23, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонm интихоб гардид.