Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфо барои робита бо Муаммар Қаззофӣ


Сайфулислом Қаззофӣ
Сайфулислом Қаззофӣ
Ҳовард Дэйвис, раҳбари донишгоҳи бонуфузи иқтисод ва илмҳои сиёсии Лондон^ эълом дошт, ки бино ба робитааш бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Дар изҳороти Дэйвис тасмим дар бораи ризояти қабули дуву ним миллион доллар аз як созмони таъсискардаи хонаводаи Қаззофӣ чун “иштибоҳ” арзёбӣ шудааст. Донишгоҳ аз ин маблағ 500 ҳазорашро аллакай дарёфт кардааст.

Шӯрои илмии ин донишгоҳ мехоҳад то куҷо қонунӣ будани эҳтои унвони доктори фалсафа ба писари Қаззофӣ Сайфулисломро тафтиш кунад.

Сайфулислом соли 2008 дар донишгоҳи иқтисод ва илмҳои сиёсии Лондон рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд.
XS
SM
MD
LG