Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ ҳамла ба ошӯбгаронро аз сар гирифтанд


Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Брега дар шарқи кишварро аз сар гирифтанд. Ҳадафи ҳамла фурудгоҳ ва таъсисоти нафтӣ дар шаҳри бандарии Брега ва шаҳри дигари наздик ба он Аҷдабия будааст. Мухолифони Қаззофӣ, рӯзи чаҳоршанбе муваффақ шуданд, ҳамлаҳои заминиву ҳавоии нерӯҳои Қаззофиро дафъ кунанд. Айни замон артиши Ҳолланд таъйид кард, ки нерӯҳои давлатии Либия се сарбози нерӯҳои махсуси кишварро асир гирифтанд, ки мехостанд, ду аврупоии ғайринизомиро бо чархбол наҷот диҳанд. Ва дигар ин ки имрӯз Додгоҳи Байналмилалӣ дар Гаага аз оғози пажӯҳиши хушунатҳои Либия медиҳад. Бар асари хушунатҳо дар Либия, ҳазорон нафар дар кишвар беҷо шуда ва дар марзи Либия бо Тунис даҳҳо ҳазор нафар аксаран, коргарони мисрӣ банд мондаанд. Кумиссариёи паноҳандагони Созмони Милал имрӯз гуфт, то кунун 180 ҳазор нафар аз Либия фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG