Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Аҳмадов дар Рашт аслиҳаи худро таслим кард


Мирзохуҷа Аҳмадов
Мирзохуҷа Аҳмадов
Мирзохуҷа Аҳмадов ва 11 тан аз ҳамдастааш аслиҳаи худро ба пулиси ноҳияи Рашт таслим карданд. Бино ба гуфтаи Аҳмадов ин аслиҳа тирамоҳи соли гузашта дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилии Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

“Аҳмадов Мирзохуҷа бо 11 нафар аъзои гурӯҳаш ихтиёран ба раёсати корҳои дохилии ноҳия ва минтақаи Рашт ҳозир шуда, 2 яроқи снайперӣ, як РПГ, 7 автомати “Калашников” ва як РПК оварда супориданд”.

Тирамоҳи соли гузашта гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов дар водии Рашт дар амалиёти низомӣ бар зидди дастаҳои Аловуддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов ё Муллоабдулло бо нируҳои давлатӣ ҳамкорӣ кард. Дар оғоз Мирзохуҷа Аҳмадов дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ ва куштори 28 сарбоз муттаҳам дониста мешуд.
XS
SM
MD
LG