Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии вилояти Кобул аз мақомаш истеъфо дод


Дар Афғонистон Забиҳулло Муҷаддадӣ -волии вилояти Кобул аз мақомаш истеъфо додааст. Вай ҳукумати Ҳомид Карзайро муттаҳам кардааст, ки ваъдахилофӣ кардааст ва аз масъулият канор рафтааст. Забиҳулло Муҷаддадӣ, ки ду соли пеш раҳбарии вилояти Кобулро бар дӯш гирифта буд, гуфтааст, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур бидуни огаҳии вай кормандони вилоятро аз кор барканор ва шахсони дигарро ба кор мегуморд. Ба гуфтаи вай, ҳукумати марказӣ натавонистааст, барои иҷрои барномаҳои вилоятӣ маблағи кофӣ фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG