Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун раҳбари Либияро маҳкум кард


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, раҳбари Либия Муаммар Қаззофиро барои таҳмили ҷанг болои мардуми кишвараш маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, баъди он чӣ, ки дар Либия рӯх дод, ҳукумати Либия эътбори қонунии худро аз даст додааст.

Аз ин пеш Бан Ки Мун бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ аз мавқеъи устувори Вошингтон дар баробари бӯҳрони Ховари Миёна ситоиш кард.

ИМА 30 миллиард доллар маблағҳои Либия дар кишварро мунҷамид сохт ва нерӯҳои ҳавоиву дарёии худро ба манотиқи наздики Либия интиқол медиҳад. Вошингтон интизори тасмими кишварҳои аврупоӣ дар робита ба ҳалли низомии бӯҳрони Либия мебошад.

Дар ҳамин ҳол Муаммар Қаззофӣ дар сӯҳбат бо телевизиони Би-Би-Си изҳор намуд, ки ширкатдорони нооромиҳо ҳамагӣ зери таъсири маводи мухадир қарор доранд. Ин маводи мухадирро, ба гуфтаи ӯ, шабакаи “Ал-Қоида” дар Либия паҳн мекунад.

Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс ин гуфтаҳоро чун “ҳарза” арзёбӣ намуд ва гуфт, ки Қаззофӣ воқеиятро дарк намекунад.
XS
SM
MD
LG