Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кирдори Беларусро ба Шӯрои Амният мекашонанд


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба дунболи хабарҳои нашршуда дар бораи нақзи таҳрими байналмилалии фурӯши аслиҳа ба Соҳили Оҷ аз сӯи Беларус нишасти изтирории Шӯрои Амниятро даъват кардааст. Бино ба хабарҳо, Беларус алорағми таҳримот се чархболи ҷангӣ ва таҷҳизоти марбутаро дар ихтиёри нирӯҳои содиқ ба ҳокими Соҳили Оҷ Лорен Гбагбо гузоштааст. Бо вуҷуди аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътироф шудани пирӯзии Алаззан Аттара дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурии Африқо Гбагбо аз таҳвили қудрат ба рақибаш даст кашид.
XS
SM
MD
LG