Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳрҳои Либия, "Шӯрои Миллӣ" таъсис медиҳанд


Раҳбарони тазоҳургарон дар Либия мегӯянд, як “шӯрои муваққати миллӣ”-ро дар шаҳрҳои озодшуда аз дасти Муаммар Ғаззофъ таъсис додаанд. Абдулҳафиз Ғоқа як сухангӯии шӯро дар нишасти хабарие гуфт, “шӯрои мазкур симои Либия дар замони гузариш хоҳад буд “ ва машваратҳо дар бораи таркиб ва вазифаҳои ин шӯро идома дорад. Мустафо Абдулҷалил, вазири собиқи адлияи Либия, ки рӯзи 26 январ аз мақомаш истеъфо дод, ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, шӯрои миллӣ то замони интихобот кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG