Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Русия аз эъмоли таҳримот алайҳи режими Либия


Давлати Русия имрӯз аз қатъномаи таҳримотии Созмони Милал алайҳи режими Либия ҳимоят кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар як баёнияе аз раҳбарони Либия хост, “ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузоранд” ва “қавонини байналмилалии башариро” риоят кунанд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал ҳам аз эъмоли таҳримот алайҳи Либия истиқбол кард ва гуфт, ин таҳримот ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷанги васеъи шаҳрвандӣ дар Либия заруранд. Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, бо кулли оро, алайҳи Либия қатъномае содир кард, ки бар асоси он, дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, хонавода ва атрофиёни ӯ масдуд шуда ва ин ашхос ба мамнӯъияти сафар ҳам рӯ ба рӯз хоҳанд шуд. Дар ин қатънома аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага хоста шудааст, то саркӯбии тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Либияро таҳқиқ карда ва масъулони қатли шаҳрвандони осоиштаро ба муҳокима кашад.
XS
SM
MD
LG