Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Тунис аз ҳукумати муваққат норозиянд


Дар Тунис даҳҳо ҳазор нафар, асосан донишҷӯён, бо талаби истеъфои ҳукумати муваққат ба хиёбонҳо рехтанд. Эътирозгарон ҳамчунин алайҳи раҳбари Либия муаммар Қаззофӣ шиор мезананд.

Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба эътирозгарон ва созмони Салиби Сурх навиштааст, ки ин бузургтарин намоиши эътирозӣ дар Тунис баъд аз фирори раисиҷумҳур Зайнулобиддин бини Алӣ мебошад.

Раҳбари пешини Тунис миёнаҳои моҳи январ бар асари эътирозҳои густурдаи мардумӣ ба Арабистони саудӣ гурехта буд.
XS
SM
MD
LG