Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Discovery” барои бори охир ба парвоз даромад


Киштии кайҳонии амрикоии “Discovery” шаби гузашта барои охирин парвозаш аз пойгоҳи кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида ба мадор баланд шуд. Ин киштӣ дар зарфи 25 сол 39 дафъа ба мадор баланд шуда, ин бор барои 11 рӯз ва бо ҳадафи ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ расондани як модули ҷадид ва як робот ба парвоз даромадааст. NASA, Ожонси кайҳоншиносии Амрико гуфт, “Discovery” пурпарвозтарин киштии кайҳонӣ дар таърих аст.
“Discovery” рӯзи 7 март ба Замин бармегардад ва бо ҳамин маъмурияташ ба анҷом хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG