Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенегал равобити сиёсӣ бо Эронро қатъ мекунад


Сенегал як кишваре дар ғарби Африқо эълом кард, ки равобити дипломатиаш бо Эронро қатъ мекунад, зеро ин кишвар ҷудоихоҳони сенегалиро, ки ҳафтае пеш се сарбози давлатиро куштанд, бо силоҳ таъмин кардааст. Ба гузориши хабаргузории “Ройтер”, вазири умури хориҷаи Сенегал дар ин бора дар телевизиони давлатӣ сухан гуфт. Моҳи декабри соли гузашта Сенегал сафирашро аз Эрон фаро хонд, зеро ба гуфтаи ҳукумати Сенегал, шарҳи Эрон дар мавриди силоҳҳои эроние, ки моҳи окятбр дар Нигерия кашфу забт шуд, қонеъ накард. Гамбия ҳамсояи Сенегал низ бинобар ҳамин моҷаро равобити дипломатиаш бо Эронро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG