Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лион" - "Реал" 1:1, "Копенҳаген"- "Челси" 0:2


Тими “Реал”-и Мадрид дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо рақобаташро бо “Лион” дар меҳмонӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ҳисобро ҳамлагари “Реал” Карим Бензема дар дақиқаи 65 боз кард, вале қаҳрамони Фаронса дар дақиқаи 83 бо шарофати тӯби задаи Гомис тавонист ҳисобро баробар кунад. Тими “Челси”-и Лондон, ки ба миллиардери рус Роман Абрамович тааллуқ дорад, дар меҳмонӣ бар “Копенҳаген”, қаҳрамони Дания, бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Ҳарду тӯбро дар ин бозӣ ҳамлагари фаронсавии “Челси” Никола Анелка зад. Бозиҳои ҷавобии ин 4 тим рӯзи 16 март доир хоҳад шуд.
Аммо имрӯз дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо “Марсел” бо “Манчестер Юнайтед” ва “Интер” бо “Бавария” ба дидори ҳам хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG