Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Либия даъват кард


 Навӣ Пиллей
Навӣ Пиллей
Раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллей имрӯз ба таҳқиқи байналмилалии хушунатҳои ҳукумат алайҳи эътирозгарон дар Либия даъват кард.

Хонум Пиллей, ки дар гузашта қозии додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ будааст, ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаҳои пайваставу усулӣ ба мардуми мулкӣ метавонад ба ҷиноят алайҳи башарият бадал шавад.

Назар ба гуфтаи шоҳидон нирӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ садҳо нафар мардуми мулкиро дар чанд шаҳри дар домани эътирозҳо мондаи мисли Триполиву Бенғозӣ куштаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки дар баъзе нуқоти пойтахт Триполӣ ҷасадҳои одамонро дидан мумкин аст.

Айни замон, телевизиони Либия гузоришҳо оид ба вуҷуди кушторҳои ҷамъӣ дар Либияро чун ҳарфи дурӯғ ва овоза рад кардаанд.
Дабири кулли СММ Бан КИ Мун ҳам ба таҳқиқи гузоришҳои расонаҳо дар бораи куштори мардум даъват кард. Вай гуфт:

“Мақомоти Либия ба ҷониби эътирозгарон аз ҳавопаймоҳои ҷангиву чархболҳо оташ кушоданд. Ин кор ғайри қобили қабул аст ва бояд билофосила хотима дода шавад”.


Имрӯз бояд дар нишасти Шӯрои Амнияти СМС бӯҳрони Либия баррасӣ хоҳад шуд. Соати баъди ин дар Қоҳира Лигаи кишварҳои арабӣ барои баррасии вазъи ин кишвар ташкили ҷаласа мекунад.
XS
SM
MD
LG