Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури кӯтоҳмуддати Қаззофӣ дар телевизиони давлатӣ


Суханронии телевизионии Қаззофӣ. 22 феврали соли 2011
Суханронии телевизионии Қаззофӣ. 22 феврали соли 2011
Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ имрӯз дар телевизиони давлатӣ барои муддати кӯтоҳ ҳозир шуд. Дар хиёбонҳои шаҳру манотиқи ин кишвари Африқои Шимолӣ ҳамоно намоишҳои эътирозии бесобиқа аз раҳбарии беш аз 40-солаи президент идома доранд.

Дар нутқи тақрибан сисониягии худ Қаззофӣ танҳо гуфт, ки дар пойтахти Либия шаҳри Триполӣ ба сар бурда, тавре бархе расонаҳо гуфтанд, ба Венесуэла фирор накардааст. Қаззофӣ гуфт:

“Ман нишон доданӣ ҳастам, ки дар Триполӣ ҳастам, на дар Венесуэла. Ба телевизионҳое, ки моли сагҳои бесоҳиб ҳастанд, бовар накунед. Ман мехостам ба ҷавонҳое, ки дар майдони Сабзи Триполӣ ҳастанд, чизе бигӯям, аммо борон меборад. Худоро шукр, ин хосияти хуб дорад”.

Ин нахустин ҳузури телевизионии Қаззофӣ баъди шурӯи эътирозҳо дар ин кишвар аст, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуданд. Ба бовари созмонҳои ҳуқуқи башар, бар асари саркӯби бераҳмонаи эътирозгарони Либия, то ҳол садҳо нафар ҷон доданд.

Ахиран муовини фиристодани Либия дар СММ Иброҳим Даббошӣ ба қатори чанд дигар узви ҳукумат пайваст, ки Қаззофиро ба истеъфо даъват мекунанд.

Дар давоми рӯз дар СММ бо ташаббуси дабири кулл Бан Кӣ Мун мавзӯи Либия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Оқои Бан гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонӣ бо Қаззофӣ аз ӯ даъват кардааст, ки истифодаи зӯр ва хушунатро нисбати эътирозгарон хотима диҳад.

Инчунин шоми имрӯз дар Қоҳира Лигаи кишварҳои арабӣ дар нишасти изтирории худ мавзӯи Либияро баррасӣ хоҳад кард.


Дар даъвати вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон хатми билофосилаи хунрезиҳо садо дода, дар изҳороти вазорати хориҷаи Чин изҳори умедворӣ мешавад, ки дар Либия эътидоли иҷтимоӣ барқарор хоҳад шуд. Дар Либия ахиран коргарони чинӣ мавриди ҳамла ва ғоратгарӣ қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG