Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи қазияи Қӯштеппа ба додситонии кул ва раҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ вогузор шуд


Мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодӣ Муҳибалӣ Сафаров дар сӯҳбат бо оҷонсии Азис-Плюс гуфт, ки ба раҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ ва додситонии кулии Тоҷикистон дархосте ба манзури таҳқиқи шикояти сокинони рустои “1 маи” ҷамоати Қӯштеппа ирсол кардааст.

Даҳҳо сокинон аз он шиква доранд, ки мақомоти ҳифзи қонуни ноҳияи Рӯдакӣ охири ҳафтаи гузашта бидуни огаҳӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ бунёд шудани манзилҳои рустои “1 май” даст ба хароб кардани хонаҳои онҳо заданд.

Сокинон мегӯянд, ки дар ин амалиёти милисаи маҳаллӣ на камтар аз 50 манзили зист осеб дидааст. Дирӯз гурӯҳе аз сокинони ин русто ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ шикоятномае ироа карданд, ки дар он қонунӣ будани сохтмони манзилҳояшон таъкид мешавад.
XS
SM
MD
LG