Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко: таъқиби пайвандони мухолифин афзоиш ёфтааст


Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина, изҳор намуд, ки мақомот таъқибу фишор болои фаъолони мухолифин ва пайвандони онҳоро пурзӯр кардаанд. Ба иттилоъи бахши украинии Радиои Озодӣ, хонум Тимошенко, ки раҳбарии ҳизби "Батковшина"-ро бар ӯҳда дорад, ахиран барои бозпурсӣ ба Додситонии кулли Украина даъват шуд.

Нахуствазири собиқ дар канори бинои додситонӣ изҳор намуд, ки раисиҷумҳур Виктор Янукович, хадамоти амниятии Украина ва Додситонии кулл таъқиби пайвандони фаъолони мухолифинро ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, як мақоми Хадамоти амният талош кардаст то хонуми узви парлумон Руслан Лукянчукро ба бозпурсӣ даъват кунад, пайвандони муовини раиси ҳизби "Батковшина" Олександр Турчинов ба Додситонии кулл даъват шудаанд.

Юлия Тимошенко ҳамчунин гуфт, ки алайҳи як тан аз пайвандони узви парлумон Андрей Кожемякин бо иттиҳоми ришват парвандаи тақаллубӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG