Теъдоди қурбониён бар асари эътирозҳои густардаи шабонарӯзи гузашта дар Либия аз марзи сад нафар убур кард. Ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, тайи тақрибан як ҳафтаи тазоҳурот 233 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дирӯз намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раҳбари кишвар Муаммар Қаззофӣ аз манотиқи шарқӣ ба пойтахти Либия шаҳри Триполӣ интиқол ёфт.
Сайфулислом, писари Каззофӣ, дар як суханронӣ аз тариқи телевизион гуфт, ки эътирозгарон бархе аз пойгоҳҳои низомиро забт карда, силоҳи зиёдеро мусодира кардаанд ва Либиё дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз бояд парлумони кишвар мавзӯъи ислоҳоти заруриро баррасӣ кунад. Ҳамзамон Сайфулислом афзуд, ки ҳукумат то охирин қатраи хун барои дифоъи худ мубориза хоҳад бурд.
Шаби гузашта гурӯҳи бузурги афроди мусаллаҳ ба коргарони хориҷӣ дар як муассисаи шаҳри Триполӣ ҳамла карданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ин ҳамларо хунсо карданд ва аммо тақрибан 15 коргар аз Бангладеш ва 3 шаҳрванди Кореяи ҷанубӣ осеб диданд.