Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қуштеппа хонаҳои "ғайриқонунӣ"-ро хароб мекунанд


Шоми рӯзи ҷумъа баталиони 200 нафараи кормандони умумри дохилаи ноҳияи Рудакӣ ба маҳалаи Қуштеппаи ноҳияи Рудакӣ омада бидуни огоҳии пешакӣ ба тахриби манзилҳои сокинони ин ҷо оғоз кардаанд. Тақирибан ҳудуди 50 манзил хароб карда шудаааст, ки дар онҳо тоза соҳибонашон ба зиндагӣ оғоз кардаанд ва дар баъзеи дигар ҳоло соҳибонашон ворид нашудаанд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, ки ин манзиҳло ғайриқоунунӣ сохта шудаанд, аз ин рӯ соҳибони манзилҳо ба ҷои дигар бираванд. Вале намоянадгони мақомоти ноҳия ҳануз дар ивази ин манзилҳо ҷои дигар ваъда накардаанд. Сокинони маҳаллаи Қуштеппа мегуянд, ки дар соли 2006 бо иҷозаи расмии Додситонии кулл ва бо фармони раиси ҷумҳур ба сохтмони манзилҳои худ оғоз кардаанд. Бино ба ин гуфтаҳо, дар соли 2006 дар майдони 15 ҳектор замин ҳудуди 100 оила барои худ манзили зист бунёд кардаанд.
XS
SM
MD
LG