Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулҳои нави Тоҷикистон дар Русия таин шуданд


Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин кишвар консулҳои худро дар шаҳрҳои Екатеринбург-маркази вилояти Свердлов ва шаҳри Уфа-маркази ҷумҳурии Бошқирдистони Русия таин кардааст. Парвиз Исоев дар Екатеринбург ва Содиқ Имомов дар Уфа консул таин шудаанд. Исоев дар вазорати корҳои хориҷӣ муовини расёати консулӣ ва Имомов мушовири раиси ҷумҳур дар корҳои хориҷӣ кор мекарданд. Дар Екатеринбург консулгарӣ фаъолият мекард, вале дар Уфа консулгарии нав якуми март ба фаъолият шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG