Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни тазоҳуроти Баҳрайнро дафн мекунанд


Қарор аст, имрӯз маросими дафни чаҳор тазоҳургари кушташуда дар тазоҳуроти Баҳрайн баргузор шавад. Маросиме, ки ба гуфтаи таҳлилгарон метавонад, ба рӯёрӯии норозиён бо нерӯҳои амниятӣ табдил шавад. Ин чаҳор нафар дирӯз дар юриши пулиси Баҳрайн кушта шуданд, ки тазоҳургарони нишемангирифта дар майдони марказии шаҳри Маномаро бо бераҳмӣ пароканда карданд. Дар ин саркӯбии хушунатбор бештар аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳоло артиши Баҳрайн, қисме аз шаҳри Маномаро таҳти контрол гирифтааст. Тазоҳургарон аксараш шиъамазҳабони Баҳрайн ҳастанд, ки хоҳони ҳуқуқ ва раъйи бештар дар кишваранд, ки ҳокимони он суннимазҳабанд. Онҳо дар майдони марказии Манома ҷамъ омаданд, то онро ба истилоҳ ба майдони Таҳрири Миср табдил диҳанд, ки Ҳуснӣ Муборакро маҷбур кард, аз қудрат биравад. Раҳбарони ҷаҳонӣ аз ҳукумати Баҳрайн хостанд, аз хушунат алайҳи тазоҳургарон парҳез кунад.
XS
SM
MD
LG