Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Олмон таҳқиқоти илмиро дуздӣ кардааст?


Карл-Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон барои дуздии корҳои илмии дигарон ва истифодаи он дар рисолаи доктории худ мумкин аст ба додгоҳ кашонда шавад. Ин вазири 39-сола дар назархоҳиҳои Олмон ҳамеша дар феҳристи сиёсатмадорони боломақоми Олмон меояд ва яке аз номзадҳои ояндаи мақоми нахуствазирии Олмон дониста мешавад. Ин ҳафта рӯзномаҳои Олмон иддао карданд, ки вай дар рисолаи илмиаш таҳқиқоти донишмандони дигарро гирифтааст ва онро чун кори илмии худ барои ҳимоя пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG