Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳи Эрон боздошти раҳбарони мухолифонро рад кард


Оятулло Содиқ Омулӣ Лориҷонӣ- қозиулқуззоти Эрон имрӯз дархостҳоро дар бораи боздошт ва эъдоми ду раҳбари аслии мухолифони ин кишвар рад кард. Ҷонибдорони давлат, намояндагони Маҷлис ва баъзе аз доираҳои рӯҳонии Эрон тақозо карданд, ки Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ баъд аз тазоҳуроти рӯзи душанбеи мухолифон боздошт ва эъдом шаванд. Оятулло Содиқ Омулӣ Лориҷонӣ гуфт, қозиёт парвандаро таҳқиқ мекунад ва расидагӣ ба парванда бояд дар доираи қонун сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG