Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Ёрӣ дар минаҳои марзи Узбакистон


Фурқат Мухторов, сокини 29-солаи рустои Ёрӣ ҳангоми убур аз марзи Узбакистон бар асари таркиши мина ҳалок шудааст. Парвиз Мавлонқулов, раҳбари амалиётҳои маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, Фурқат Мухторов ҳамроҳ бо падар ва бародараш ба қасди тиҷорат роҳии Узбакистон буданд. Аз Фурқат Мухторов ду кӯдаки хурдсол ятим мондааст.
Узбакистон аз соли 1999 ба минакории бахши бузурге аз 1283 километр марзи мустақимаш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Тайи ин муддат бар асари таркиши минаҳо дар ин марз, бар асоси омори Маркази миначинӣ, 363 нафар кушта ва 466 тан маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG