Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ихвон-ул-муслимин" ҳизби сиёсӣ мешавад


Бузургтарин созмони исломии Миср –"Ихвон-ул-муслимин" мехоҳад ҳизби сиёсӣ таъсис кунад. Дар изҳороти имрӯзаи ин созмон гуфта шудааст, аз ин иқдом баъд аз он кор гирифта хоҳад шуд, ки мақомоти нави кишвар ҳама маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолияти ҳизбро лағв кунанд. Замони қужрати Ҳуснӣ Муборак фаъолияти "Ихвон-ул-муслимин" дар Миср мамнӯъ буд.

"Ихвон-ул-муслимин" аз муташаккилтарин нерӯҳои мазҳабиву сиёсии Миср маҳсуб мешавад ва дар намоишҳои оммавӣ, ки бо суқути Муборак анҷомид, фаъолона ширкат дошт.

Айни ҳол қудрат дар Миср зери дасти Шӯрои олии низомист, ки ваъдаи баргузории интихоботи озод кардааст.

XS
SM
MD
LG