Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар музокироти сеҷонибаи ИМА, Покистон ва Афғонистон


Як мақоми вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, музокироти “муҳими” сеҷонибаи ин кишвар бо Амрикову Афғонистон бо вуҷуди таъхир, баргузор хоҳад шуд. Абдул Басит, як сухангӯи вазорат гуфт, музокироти солона, ки қарор буд, 23-24 феврал баргузор шавад, ба рӯзҳои баъд ба таъвиқ андохта шудааст. Таъхири ин музокирот дар ҳолест, ки боздошти Реймонд Дейвис як корманди сафорати Амрико дар Покистон ба муносиботи ду кишвар латма задааст. Реймонд Дейвисро дар Покистон бо иттиҳоми қатли ду покистонӣ боздошт карданд. Аммо ӯ мегӯяд, барои дифоъ аз худаш чунин амал кардааст. Садҳо нафар покистонӣ бо баргузории тазоҳурот хостори ҳукми қатл ба Реймонд Дейвис шудаанд.
XS
SM
MD
LG