Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи эътирозҳо дар Алҷазоиру Яман


Дар Алҷазоиру Яман намоишҳои оммавии эътирозӣ шурӯъ шуданд. Дар маркази шаҳри Алҷазоир мухолифини ҳукумат зери шиори “Нест бод давлати полисӣ!” ба майдон рехтаанд. Расонаҳо дар бораи бархӯрди эътирозгарон бо кормандони полис хабар додаанд, ки теъдоди онҳо дар шаҳр 30 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Дар шаҳри Сана – пойтахти Яман ҳудуди ду ҳазор намоишгарон хостори истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд. Ва аммо ҷонибдорони раисиҷумҳур ва кормандони полис бо корду калтак намоишро саркӯб карданд.
XS
SM
MD
LG