Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни Катинро бегуноҳ эълон хоҳанд кард


Маскав тасмим гирифтааст, беш аз 20 000 афсари лаҳистонии соли 1940 дар Катин аз сӯи пулиси махфии Шӯравӣ кушташударо сафед кунад. Сафири Русия дар Лаҳистон Александр Алексеев гуфт, ҳуқуқдонҳои Русия феълан дар пайи таҳияи шеваҳои қонунии ин тасмиманд. Иттиҳоди вақти Шӯравӣ тайи солиён масъулияти қатли омми лаҳистониҳо дар Катинро бар дӯши Олмони фашистӣ бор мекард. Вале Думаи давлатии Русия соли гузашта гуфт, ки онҳо бо дастури диктатори вақти шӯравӣ Иосиф Сталин кушта шудаанд. Фоҷиаи Катин дар тӯли даҳсолаҳо мояи сардӣ дар равобити Маскав бо Варшава буд.
XS
SM
MD
LG