Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо ба роҳҳои оҳан дар ҷануби Покистон


Инфиҷорҳо роҳҳои оҳан дар 4 минтақаи вилояти Синд дар ҷануби Покистонро тахриб кард. Бар асари ин ҳамлаҳо, ки ба бовари мақомот, ҷангиёни исломӣ анҷом додаанд, касе кушта ё захмӣ нашудааст. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои Покистон мегӯянд, дар ҷараёни амалиётҳо алайҳи пойгоҳҳои ҷангиён дар минтақаи Дир, дар шимолуғарби ин кишвар, 11 чирикӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG