Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон шояд кумакаш ба Покистонро бозбинӣ кунад


Дирӯз як ҳайъати Конгресси Амрико дар Исломобод ба сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ва раҳбарони дигари ин кишвар гуфт, дар ғайри сурати раҳоии дипломати амрикоии муттаҳам ба қатли ду покистонӣ Конгресс мавзӯъи коҳиши кумакҳо ба Покистонро баррасӣ хоҳад кард. Амрико ба Исломобод 2 миллиард доллар кумаки низомӣ пешниҳод карда, Конгресс 2 сол пеш барномаи панҷсолаи кумакҳои ғайринизомӣ ба маблағи 7,5 миллиарддолларӣ ба Покистонро тасвиб кардааст.
XS
SM
MD
LG