Додситонҳои итолиёӣ мегӯянд, расман муҳокимаи додгоҳии парвандаеро, ки дар он сарвазир Силвио Берлусконӣ ба алоқаи ҷинсӣ бо як фоҳишаи ноболиғ ва сӯъиистифода аз мақом ба хотири бастани ин ҷанҷол айбдор мешавад, дархост хоҳанд кард. Додситони Милан гуфт, чунин дархост имрӯз ба додгоҳ ироа хоҳад шуд. Қозӣ ба дунбол бояд тасмим бигирад, ки алайҳи Берлусконии 74-сола айбнома эълон кунад ё на. Берлусконӣ ин иттиҳомотро рад карда, исрор меварзад, ки додситонҳо бо ғаразҳои сиёсӣ ва ба хотири аз мақом барканор кардани ӯ амал мекунанд. Ӯ, ки то кунун чандин бор бар сараш чунин ҷанҷолҳо омадааст, даъватҳо ба истеъфояшро радд мекунад.